БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” НАСЛИ НАВРАСРО БА КИТОБХОНӢ ҶАЛБ НАМУД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз китобхонаи деҳотии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон дидан намуда, бо аъзои китобхона вобаста ба нақши китобу китобхонӣ дар таҳкими тафаккури маънавию зеҳнии инсон суҳбат намуданд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки имрӯзҳо шумораи аъзои китобхона беш аз 300 нафарро дар бар гирифта, бештари онҳоро ҷавонон ва наврасони синни мактабӣ ташкил медиҳанд.Барои мо хурсандиовар аст, ки як нафар аз аъзои фаъоли китобхонаи мо дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ғолиб баромада, барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ин озмун бешак дар ҳавасманд гаштани мардум ба китобхонӣ, аз ҷумла насли наврас  нақши муҳим бозид. Инро мо аз омаду рафти ҳамарӯзаи аъзои китобхона эҳсос мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg