А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои ҲХДТ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳар ҳафта дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дар назди ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ шанбегӣ гузаронида, ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва тозаю зебо гардонидани атрофи биноҳо ва кӯчаю хиёбонҳо машғул мешаванд.
Дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру тармими биною иншооти ҷамъиятию давлатӣ, дар тозакунӣ ва тамизкории кӯчаю хиёбонҳо ва боғи фарҳангии ноҳия кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ташаббускории худ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ саҳми назаррас гузоштанд ва чунин корҳои тозагиву ободонӣ ҳар ҳафта бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.