БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КӮЧАЮ ХИЁБОНҲО

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештарим манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои ҲХДТ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳар ҳафта дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дар назди ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ шанбегӣ гузаронида, ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва тозаю зебо гардонидани атрофи биноҳо ва кӯчаю хиёбонҳо машғул мешаванд.

Дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру тармими биною иншооти ҷамъиятию давлатӣ, дар тозакунӣ ва тамизкории кӯчаю хиёбонҳо ва боғи фарҳангии ноҳия кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ташаббускории худ  дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ саҳми назаррас гузоштанд ва чунин корҳои тозагиву ободонӣ ҳар ҳафта бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg