НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар бозори марказии шаҳр ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумригул ба сокинон таъкид намуд, ки аз беаҳамиятӣ кор нагиранд, ниқобҳои тиббиро истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки беаҳамиятӣ ба зиёдшавӣ ва авҷ гирифтани дилхоҳ бемории сироятӣ сабаб мешавад, аз ин лиҳоз якояки моро зарур аст тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намуда, бар зидди бемории сироятии коронавирус муборизаи беамон барем.
Дар охир ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.