БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ҲАТМИСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар бозори марказии шаҳр  ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ  чорабинии ҳизбӣ  гузаронида шуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумригул ба сокинон таъкид намуд, ки аз беаҳамиятӣ кор нагиранд, ниқобҳои тиббиро истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки беаҳамиятӣ ба зиёдшавӣ ва авҷ гирифтани дилхоҳ бемории сироятӣ сабаб мешавад, аз ин лиҳоз якояки моро зарур аст тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намуда, бар зидди бемории сироятии коронавирус муборизаи беамон барем.

Дар охир  ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg