БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКУ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОКИН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав оид ба  роҳҳои  пешгирикунандаи  бемории  сироятии  коронавирус, ҳамчунин истифодаи  самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ,  заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи  ниқобҳои  тиббӣ, риояи ҳатмии  қоидаҳои беҳдошт     бо  сокинони  маҳаллаи   Навобод1-и  Ҷамоати  деҳоти   Истиқлол  чорабинии ҳизбӣ баргузор  намуданд.

Масъулин дар суҳбат доир ба  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус  фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро  варақаҳои  тавсиявиро тақсим карданд.

Инчунин, бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безарагардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳлули хлордор  ва 140  дона  ниқобҳои тиббӣ   дастраси  сокинон  карда шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg