![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200717_193751.jpg?itok=wHYP31Dq)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, ҳамчунин истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт бо сокинони маҳаллаи Навобод1-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол чорабинии ҳизбӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар суҳбат доир ба роҳҳои пешгирии бемории каронавирус фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро варақаҳои тавсиявиро тақсим карданд.
Инчунин, бо мақсади расонидани кӯмак вобаста ба безарагардонӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроия маводи безараргардонии маҳлули хлордор ва 140 дона ниқобҳои тиббӣ дастраси сокинон карда шуд.