
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемории сирояти коронавирус дар маҳаллаи Давлатобод корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ба роҳ монда, варақаҳо ва маводҳои муҳофизатиро тақсим намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус аҳолиро хотиррасон намуданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намоянд, ашёҳои рӯзгорро зуд-зуд безарар намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. Роҳи асосии пешгирии корнавирус, қавӣ гардонидани масъунияти бадани ҳар як фард мебошад. Дар баргузории вохӯрӣ беш аз 160 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 110 ниқобҳои тиббӣ ба сокинон тақсим карда шуд.