БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ҚАВӢ ГАРДОНИДАНИ МАСУНИЯТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  риояи  қоидаҳои  санитарию  гигиенӣ  ва  пешгирӣ  аз  бемории  сирояти  коронавирус  дар  маҳаллаи  Давлатобод корҳои  фаҳмондадиҳиро  миёни  мардум  ба  роҳ  монда, варақаҳо   ва  маводҳои  муҳофизатиро   тақсим  намуданд.

Зимни  вохӯрӣ  ҷиҳати  пешгирии  бемории  сироятии  коронавирус  аҳолиро  хотиррасон  намуданд, ки  гигиенаи  шахсиро  риоя  намоянд,  ашёҳои  рӯзгорро  зуд-зуд  безарар  намуда, аз  ниқобҳои  муҳофизатӣ  истифода  баранд. Роҳи асосии  пешгирии корнавирус, қавӣ  гардонидани  масъунияти  бадани  ҳар  як  фард  мебошад. Дар  баргузории вохӯрӣ беш  аз 160 адад варақаҳои  иттилоотӣ ва 110  ниқобҳои тиббӣ   ба  сокинон  тақсим  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg