Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳаматарафа ба роҳ монда истодааст.
Ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории каронавирус гурӯҳи корӣ дар деҳаи Бешкенти 1-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо усули “хона ба хона” вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷрои варақаҳо тавсия ва таъкиди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда, ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безаруратро риоя кунанд.