БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУБҲАЕ НЕСТ, КИ СОКИНОН БО КӮШИШИ МУШТАРАК АЗ КОРОНАВИРУС РАҲОӢ ХОҲАНД ЁФТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  коронавирусро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   дар  байни  мардум  ва  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо  ҳаматарафа   ба  роҳ  монда  истодааст.

Ҷиҳати  ба  сокинон  фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус  гурӯҳи  корӣ  дар  деҳаи Бешкенти 1-и  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  усули  “хона  ба  хона”  вохӯриҳо   баргузор  намуда, таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷрои варақаҳо  тавсия ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуда, ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намоянд,   моҳияти  худдорӣ  кардан аз  иштирок  дар  чойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳои  безаруратро риоя кунанд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg