БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувон тарғибгари фарҳанги миллӣ ва либоси дар ҷомеа

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту во­х­­­­ӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи­­­ В­а­хш дар ташкилоти ибтидоӣ « 20-солаги Истиқлолият» бо сокинони маҳалла вохӯрии су­дма­нд доир гардид.

Да­р во­хӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Камолов Сафаралӣ ва мутахас­сиси ҳамин шуъба Негм­атов Азизулло иштирок доштанд.
Масъулин зимни баргузории вохӯрӣ оид ба тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ баромад на­му­да, зикр карданд, ки халқи тоҷик фарҳанги қадима ва ғании либоспӯшӣ дорад, ки тӯли таърих аз насл ба насл ба мо ба мерос мондааст. Ҳар фарде, ки аз Ватану ватандорӣ ҳарф мезанад,  пеш аз ҳама бояд аз фарҳанги миллии худ баҳравар бошад. Аз ҷумла,  либос, ки муаррифгари фарҳанги миллат аст. Либоси миллӣ аз як ҷиҳат ба ҳусну ҷамоли бонувон зеб диҳат, аз ҷиҳати дигар ба иқтисоди оилавии онҳо манфиати хуб  мерасонад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва суннатҳои неки ниёгонамонро аз нав эҳё намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg