ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Фахробод корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии коронавирус доир гардид.
Масъулин зимни суханронӣ ба сокинон вобаста ба истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар тавсияҳои судманд доданд. Ин чунин, дар ин раванд аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣӣ дар ҷойҳои серодам ва риояи гигиенаи шахсӣ ҳатмӣ мебошад. Дар охир ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.