БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ МОРО АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  дар деҳаи Фахробод корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии коронавирус    доир   гардид.

Масъулин зимни суханронӣ ба сокинон вобаста ба истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ  бо мақсади  саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар  тавсияҳои  судманд доданд. Ин чунин, дар ин раванд аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣӣ дар ҷойҳои серодам ва риояи  гигиенаи шахсӣ ҳатмӣ мебошад. Дар охир ба онҳо  варақаҳои иттилоотӣ  ва ниқобҳои тиббӣ  дастрас карда шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg