БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАРИН ТАБОБАТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирии  паҳншавии  бемории  коронавирус, ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо саҳмдорони хоҷагиҳои  деҳқонӣ оид ба хуруҷи  марҳилаи  дуюми бемории сироятии короновирус,    ҳамчунин   истифодаи  оқилонаи  ҳар як ваҷаб замин ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда  баргузор гардида   истодааст.

Дар суҳбат  аъзои гурӯҳи корӣ  ба сокинони деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза ҳолатҳои пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятиро  фаҳмонида,   қайд  намуданд, ки  роҳи  ягонаи    пешгирии  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ  пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ  ва  риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун  ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсӣ ҷиддӣ муносибат  намоем.  Ҳамчунин, дар идома вобаста ба истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои  президентӣ,  гузаронидани  кишти такрорӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ  андешаронӣ карда шуда, сокинон ба захираи   маводи озуқаворӣ  раҳнамоӣ карда шуданд.

Дар охир ба  ҳамагон  ба  як миқдор  муайян маҳлули хлор, 146  адад  варақаҳои  иттилоотӣ   ва   135  дона  ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg