
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз сабабҳои асосии ба бемориҳо дучор шудан ин паст будани иммунитет, ки (аз калимаи лотинӣ, маънояш-озод шудан, тавоноии организми инсон баҳри яклухт нигоҳ доштани худ) мебошад, ҳар яки моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани тавоноии организми худ аз ҳама имкониятҳо истифода барем, аз қабили варзиш, истеъмоли меваю сабзавот ба қадри лозима ва ғайраҳо. Бо ҳамин мақсад корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон ва ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ гузаронида, оид ба ин масъала, яъне пешгирии бемории COVID-19 ва қисман таъмини амнияти озуқавории ҳар хонадон аз ҳисоби истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияю пешниҳодҳо дода истодааст. Чунин чорабинии судманд ин навбат дар маҳаллаи Навобод- 2 доир гардида, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд.