БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИММУНИТЕТИ ИНСОН АЗ КӮШИШУ ҒАЙРАТИ ХУДИ Ӯ ВОБАСТА АСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз сабабҳои асосии ба бемориҳо дучор шудан ин паст будани иммунитет, ки  (аз калимаи лотинӣ, маънояш-озод шудан, тавоноии организми инсон баҳри яклухт нигоҳ доштани худ) мебошад,  ҳар яки моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани тавоноии организми худ аз ҳама имкониятҳо истифода барем, аз қабили варзиш, истеъмоли  меваю сабзавот ба қадри лозима ва ғайраҳо. Бо ҳамин мақсад корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон   Ғуломов Саидасрор  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон ва ташкилоту муассисаҳо  вохӯрӣ гузаронида,  оид  ба ин масъала, яъне пешгирии бемории  COVID-19  ва қисман таъмини амнияти  озуқавории ҳар хонадон аз ҳисоби истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияю пешниҳодҳо дода  истодааст. Чунин чорабинии судманд ин навбат дар маҳаллаи Навобод- 2   доир гардида, ба  сокинон  ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас  карда шуд.

                      

   

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg