ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» дар Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ дастрас карда шуданд. Ҳамзамон, ба ду оилаи табибони оилавии деҳот кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.