БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» дар Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия гардиш доир намуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ дастрас карда шуданд. Ҳамзамон, ба ду оилаи табибони оилавии деҳот кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg