
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри ҳифзи солимии љомеа оид ба пешгирии вируси навъи (COVID-19) бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ ба сокинон 2000 дона ниқоб ва 35 литр маҳлули спиртӣ ва маводҳои таблиғотӣ бо тариқи ройгон кумак расонида шуд. Инчунин, ба ин монанд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, ки дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ љойгир мебошад, пурра корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, чунин корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ бо љалби фаъолон, аъзо ва љонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия бо усули “хона ба хона” ҳамарӯза баргузор гардида истодааст.