БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ СОКИНОН АСТ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки дар  Маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санаи 16 апрели соли 2020 баргузор гардид, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо усули «хона ба хона» дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон чорабинии  ҳизбиро роҳандозӣ  карданд. Зимни суханронӣ  аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ҳар яки мо бояд бо меҳнату заҳмати софдилонаю поквиҷдонона барои  баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш камари ҳиммат баста, ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва ё Президентиро оқилона ва самаранок истифода намоем, то дар ин лаҳзаҳои ҳассоси  ҷаҳони муосир  зиндагиамонро бо  маҳсулоти кишоварзии худӣ таъмин созем.

Дар охир ба онҳо  маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас  карда шуд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg