ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус ва шиносоӣ бо ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» ташриф оварданд.
Масъулин зимнан аз рафти фаъолияту ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ дидан карда, ба шахсони мутасаддӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта як қатор тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамзамон, оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» суҳбат намуда, иброз доштанд, ки дар коргоҳашон оид ба риояи гигиенаи шахсии кормандон ҷиддӣ муносибат намоянд.