БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус ва шиносоӣ бо ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» ташриф оварданд.

Масъулин зимнан аз рафти фаъолияту  ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ  дидан карда, ба шахсони мутасаддӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта як қатор тавсияҳои судманд доданд.

Ҳамзамон, оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» суҳбат намуда, иброз доштанд, ки дар коргоҳашон  оид ба риояи гигиенаи шахсии кормандон ҷиддӣ муносибат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg