КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №ап – 1059 оид ба вусъат бахшидани раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Мавсуф зимни суҳбат бо сокинон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва оид ба саҳмгузории сокинон дар корҳои ободонӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ободии кишвар аз ободии ҳар як хонадони мову шумо оғоз мешавад. Бояд ҳамаи масъулияту маром ва кору пайкори худро баҳри ободиву созандагии Ватани азизамон равона намоем.