БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲНАМОИИ СОКИНОН БАРОИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №ап – 1059 оид ба вусъат бахшидани раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ  бо усули “хона ба хона” дар  Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Мавсуф  зимни суҳбат бо сокинон  оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва оид ба саҳмгузории сокинон дар корҳои ободонӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ободии кишвар аз ободии ҳар як хонадони мову шумо оғоз мешавад. Бояд ҳамаи масъулияту маром ва кору пайкори худро баҳри ободиву созандагии Ватани азизамон равона намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg