
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус аксияи таблиғотиро таҳти унвони “Хона ба хона”, “Рӯ ба рӯ” доир намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насимҷон Саидов дар рафти баргузории аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шӯстани даст бо собун, аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории ин аксия дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 280 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Баргузории чунин аксияҳо давоми чанд рӯз аст, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.