БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ТАБЛИҒОТӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ оид ба  пешгирии бемории коронавирус аксияи  таблиғотиро   таҳти унвони “Хона ба хона”, “Рӯ ба рӯ”  доир намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо  ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насимҷон Саидов  дар рафти  баргузории аксияи тарғиботӣ ба шаҳрвандон таъкид намуд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шӯстани даст бо собун, аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист. Зимни баргузории ин аксия  дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 280 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд.

Баргузории чунин аксияҳо давоми чанд рӯз  аст, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg