БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БОЯД ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ КИШВАР ФАЪОЛ БОШАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣБо иштироки фаъолон ва ҷавононе, ки маротибаи якум дар интихобот иштирок менамоянд дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор”-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  қайд карда шуд, ки ҷавонон ояндасози кишвар буда, иштирокашон дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳатмӣ мебошад, зеро ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста аз дину нажод ҳуқуқи дар интихобот ширкат намудан ва як овозро дорад.

Инчунин  зикр гардид, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихобот сарҷамъонаву дастаҷамъона иштирок намуда, номзадҳои арзанда ва ба тарафдории ҲХДТ овоз диҳед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg