ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолон ва ҷавононе, ки маротибаи якум дар интихобот иштирок менамоянд дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор”-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ қайд карда шуд, ки ҷавонон ояндасози кишвар буда, иштирокашон дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳатмӣ мебошад, зеро ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста аз дину нажод ҳуқуқи дар интихобот ширкат намудан ва як овозро дорад.
Инчунин зикр гардид, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихобот сарҷамъонаву дастаҷамъона иштирок намуда, номзадҳои арзанда ва ба тарафдории ҲХДТ овоз диҳед.