БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар шаҳри Левакант аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳавои мусоид истифода бурда, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза фориғ аз кор дастаҷамъона ба шинондани гулу гулбутта, тозаву озода намудани маҳалли кору зист ва сабзу хуррам гардонидани кӯчаҳои шаҳр машғул мешаванд.

Ҳамин гуна иқдом дар муассисаи томактабии №3-и шаҳр амалӣ шуд, ки бо иштироки кормандон беш аз 200 адад гулҳои гуногун  шинонида шуданд.

Тавре, ки қайд гардид, чунин амалҳо, ки дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардида истодааст, барои ҷалби мардум ба корҳои бунёдкорона нақши муҳим дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg