ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Левакант аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳавои мусоид истифода бурда, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза фориғ аз кор дастаҷамъона ба шинондани гулу гулбутта, тозаву озода намудани маҳалли кору зист ва сабзу хуррам гардонидани кӯчаҳои шаҳр машғул мешаванд.
Ҳамин гуна иқдом дар муассисаи томактабии №3-и шаҳр амалӣ шуд, ки бо иштироки кормандон беш аз 200 адад гулҳои гуногун шинонида шуданд.
Тавре, ки қайд гардид, чунин амалҳо, ки дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардида истодааст, барои ҷалби мардум ба корҳои бунёдкорона нақши муҳим дорад.