ЁВОН. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳр”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мардуми маҳалро даъват карданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, дар ояндаи босаодати кишвар саҳм гузоранд.