БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ЁВОН. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳр”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мардуми маҳалро даъват карданд, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, дар ояндаи босаодати кишвар саҳм гузоранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg