БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амнияти озуқаворӣ”-и шаҳри Бохтар    кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилот бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он вохӯрӣ доир карданд.

– Яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат, ки ба таъмини аҳолӣ бо ғизо, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, – иброз доштанд масъулони чорабинӣ.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg