
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амнияти озуқаворӣ”-и шаҳри Бохтар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилот бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он вохӯрӣ доир карданд.
– Яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат, ки ба таъмини аҳолӣ бо ғизо, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, – иброз доштанд масъулони чорабинӣ.