БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ҲХДТ ЗАМИНАҲОИ ВОҚЕИРО БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МУҲАЙЁ МЕСОЗАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии “Иқдом”-и деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватан  мулоқот баргузор намуданд.

Дар мулоқот вобаста ба мазмун ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 андешаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ Барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро  дар марҳилаи  солҳои 2020-2025  таъмин  созад, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё созад,  пешбинӣ намудаст.

Дар фарҷоми ҷамъомад дар бораи сифатҳои мусбати номзадҳое, ки дар  Конференсияи ҲХДТ ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, изҳори ақида карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg