
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии “Иқдом”-и деҳаи Сафармади Ҷамоати деҳоти Ватан мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот вобаста ба мазмун ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 андешаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ Барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди устувори кишварро дар марҳилаи солҳои 2020-2025 таъмин созад, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё созад, пешбинӣ намудаст.
Дар фарҷоми ҷамъомад дар бораи сифатҳои мусбати номзадҳое, ки дар Конференсияи ҲХДТ ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд, изҳори ақида карда шуд.