КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Корхонаи об" маҷлиси ҳизби вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ Саидов Умар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи об” Маҳсудинов Амирхон гузаронида шуд.
Дар мулоқот Садов Умар ба сухан баромада, зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.
Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа барои беҳбудии зиндагии мардум, ободии Тоҷикистон барраси шуданд. Барои амалӣ гаштани дастурҳои Пешвои миллат бояд ҳар як фарди ҷомеа масъулият намуда, барои шукуфоии Ватан саҳм гузорад.