БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ИНТИХОБИ МАН

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи кории “Созандагони Ватан”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ТҶҶ №42 суҳбат бо интихобкунандагони ҷавон  бо иштироки  мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Насим доир гардид.

Дар раванди суҳбат намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб баромад намуда, оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштирок ҷавонон дар интихобот ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагони ҷавон идома ёфта, барои таъмини иштироки ҷавонон дар ин маъракаи сиёсӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg