ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботи ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Шаҳбури куҳна” вохӯрӣ доир намуданд .
Дар ҷараёни сӯҳбату вохӯриҳо оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025 ва оид ба барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда шуд.