БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОР БО ҶАВОНОНРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибватан” доир шуд.

  • Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода дар сатҳи баланд сиёсӣ, шаффоф ва демократӣ доир гардад. Мо кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро лозим аст, ки дар марҳилаи омодагӣ ба ин чорабинӣ корҳоро бо ҷавононе, ки  дар чунин маъракаҳои муҳим бори аввал иштирок мекунанд, тақвият бахшида, ба онҳо муҳимияти иштирок дар интихоботро фаҳмонем. Зеро овозои ҳар як шаҳрванд дар интихобот муҳим аст, - гуфт зимни суханронии худ раиси ташкилоти ибтидоии “Соҳибватан” Фариза Абдуллозода.

 

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg