БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳамрози халқ” ҷиҳати тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократаии Тоҷикистон ва номзадҳои он суҳбат доир гардид. Дар он намояндагони ҳизбӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Ватанзода Хуршед Ватан, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.
Зимни баромади худ масъулин гуфтанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, ки меҳвари он усули баробарӣ ва дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин замина ҲХДТ талош мекунад, ки бо идома додани сиёсати пайгирона дар ин самт муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёр ва тақозои тамоюли ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав барорад.