КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иштироки фаъолонаи сокинон дар интихоботи дарпешистода, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва ба таври шаффоф гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ” вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар мулоқот масъулин Паёми имсолаи Пешвои миллат, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро шарҳу тавзеҳ дода, ҳамагонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даъват карданд.