БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАЪРАКАҲОИ СИЁСӢ ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕКУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иштироки фаъолонаи сокинон  дар интихоботи дарпешистода, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва ба таври шаффоф гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ” вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар мулоқот масъулин  Паёми имсолаи Пешвои миллат, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро шарҳу тавзеҳ дода, ҳамагонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg