ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи таҳсилоти томактабии №2”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа аз ҳама арзишҳо боло мебошад. Таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки ҲХДТ ба шумор меравад.
Инчунин, дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.