БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ БАРНОМАИ ҲХДТ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Муассисаи таҳсилоти  томактабии №2”-и ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои ҲХДТ ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа аз ҳама арзишҳо боло мебошад. Таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки ҲХДТ ба шумор меравад. 

Инчунин, дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки  рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол   мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg