ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Сил»-и ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ва самтӽои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумӽурии Тоҷикистон, риояи санадӽои меъёрию ӽуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаӽрвандӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, дар идомаи баромадкунандагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар он масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳнашавии бемориҳои сироятӣ сухан гуфта, таъкид карданд, ки ҳифзи солимии миллат вазифаи ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ мебошад.