
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и Ҷамоати Тугараки ноҳия вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар маҷлис масъулин аз моҳияти Паём ҳарф зада, қайд карданд, ки Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст. Паёми навбатии Пешвои миллат чун Паёмҳои пешин аз таҳлилу хулосабарориҳо, дастурҳои навину вазифагузориҳои оянда саршор буда, моро ба амалҳои созандаи навин ҳидоят мекунад.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сокинон, аз ҷумла аъзои ҲХДТ баӽри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришӽои Пешвои миллат, ҳалли масъалаҳои дарпешистода бо масъулияти баланд кору фаъолият хоӽанд кард- иброз доштанд масъулони чорабинӣ.