
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Кӯшониён дар Кохи фарҳанг бо раисони маҳалла ва эмомхатибони масҷидҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии ВНМО, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, расонидани дасти кӯмак ба ниёзмандону барҷомондагон ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, огоҳонидани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри ба дарки ҷомеа дуруст расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ даъват ба амал оварданд.