БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БА ДАРКИ ҶОМЕА РАСОНИДАНИ ХАВФУ ХАТАРҲОИ ЧАҲОНИ МУОСИР АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Кӯшониён дар Кохи фарҳанг бо раисони маҳалла ва эмомхатибони масҷидҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии ВНМО, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  расонидани дасти кӯмак ба ниёзмандону барҷомондагон ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум,  огоҳонидани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст,  суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри  ба дарки ҷомеа дуруст расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ даъват ба амал оварданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg